this is a title for here

 

 Инқилоби исломӣ, бузургтарин ҳунари имом Хумайнӣ (р)
   Operator    9 July 2018 5 Read    Add new comment

Баёноти ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоб дар бисту ҳаштумин солгарди иртиҳоли бунёнгузори кабири инқилоби исломи дар ҷамъи азодорони ҳозир дар ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайни (р) оғоз шуд.

Агар маҷоли буд дар боби сиёсати дохилӣ ва масоили сиёсати хориҷи арз мекунам.

Дар боби имом дар бораи ин марди бузург дар тӯли ин солҳо суханони зиёдеро афроди муталеъ баён кардаанд вале аввалан ончи дар боби имом ва инқилоб, ки инҳо ба ҳам гиреҳ хӯрдаанд номи имом ва инқилоб ҷудо нест.
Ончи гуфта шудааст ҳама масоили имом ва инқилоб нест ва ногуфтаҳое ҳаст, ки бояд ба мурур дар зеҳнияти ҷомеа қарор бигирад.

Мо бояд такрор кунем ҳақоиқеро, ки дар бораи тамом ва инқилоб гуфтем, то маҷоли таҳрифро аз таҳриф кунандагон бигирем.
Чун агар ҳақиқати такрор нашуд гумони таҳрифи ин ҳақиқат ба мурур вуҷуд дорад.
Агар миллати мо Ошурои Ҳусайниро дар қарнҳои мутамоди бо исрори табйин ва такрор намекарданд мумкин буд ин воқеа аз ёдҳо биравад ё заифтар баён шавад.
Хитоби ман шумо ҷавонҳои азиз аст; Иллати инки ҷавонҳо даврони ҳамосаҳои бузург ва пирӯзи инқилоб ва даврони дифоъи муқаддас ва ҳаракат ва муҷоҳидатҳои бузургро надидаанд, ҷавонҳо инҳоро шунидаанд ва таърих аст ва лозим аст бештар тавзеҳ дода шавад.
Зеҳни ҷавонҳо омоҷи таҳриф аст ва мехоҳанд таърихро таҳриф кунанд.

Инқилоби исломе, ки ба василаи Имом таҳаққуқ ёфт сирфан ҷо ба ҷои сиёсӣ набуд, ки як идда аз қудрат канор бираванд ва иддае биёянд.
Инқилоб таҳаввули амиқ дар арсаи сиёсати кишвар ва ҳам дар матни ҷомеаи эронӣ буд.
Дар арсаи сиёсат ба ин маъно буд, ки диктатор бастаи ирсӣ вобаста ба душманонро, ки думболарӯи бегонагон буд табдил кард ба ҳукумати мардумпояе, ки мутаки ба мардум аст ва мустақил ва дорои ҳувият аст.
Дар арсаи матни ҷомеа ҳам ҷомеаи мо ҷомеаи беҳувият шуда буд. Эрон бо ин собиқаи фарҳангӣ ва азамат ва донишманд ва фалсафа ва маорифи азими башари дар ин кишвар табдил шуда буд ба ҷомеаи думболарӯи ғарб ва беҳувият!
Инқилоб ҳадафаш тағйири ин ҳувият буд, ки ба ҳувияти дорои асолат ва мустақил ва дорои ҳарфи нав табдил кунад, ки Имоми бузургавор ба кӯмаки мардум ин инқилобро ба пирӯзи расонд.

Вақте, ки Имом ин суханонро баён мекард ва ҳадафҳои ҳадди аксариро баён менамуд, афроди бадбин ва васвасагар баид медонистанд, ки ин ҳадафҳо муҳаққақ шавад. Ҳатто сиёсатмадорони пухтаи мубориз ҳам ингуна фикр мекарданд.
Шумо ин ҳадафи ҳадди аксариро бо ҳадафи наҳзати машрутият муқоиса кунед, ки ҳадафаш ин буд, ки аз ихтиёроти шоҳ ба василаи маҷлис коста шавад.
Ё ҳадафи неҳзати милли шудани нафт, ҳадаф ин буд, ки нафтро аз Англис дар ихтиёри миллати худамон қарор диҳем.
Наҳзатҳое, ки ҳадафи ҳадди ақали доштанд муваффақ нашуданд ва наҳзати ҳадди аксарии Имом муваффақ шуд.
Имом тавонист пирӯзии комил ба даст биовард ва ҳифз кунад ва мондагор кунад.

Асбоби зоҳирии ин пирӯзи ин буд, ки Имом(р) тавонист ҷомеаи кишвар ба хусус ҷавонҳоро вориди саҳна кунад.
Дар ҳар ҳаракатӣ ва кишваре, ки оҳоди мардум вориди арса шаванд ва мудовимат кунанд ҳадаф муҳаққақ хоҳад шуд.
Имом(р) ин ҳунари бузургро тавонист анҷом диҳад, ки оҳоди ҷомеаро вориди майдон кунад ва дар майдон нигаҳ дорад.

Имом ҷаззобияти шахсӣ дошт, ин ҷаззобиятҳо тавонист мардумро аз қишрҳои мухталиф вориди саҳна кунад.
Ҷавон Имомро дар миёни ҷаззобиятҳои мухталиф интихоб кард.
Имом дорои сароҳат дар баён ва садоқат буд ва ҳамаи мухотибони Имом эҳсоси садоқатро дар гуфтори имом медиданд.

Имом имон ва таваккулаш ба Худо дар рафтор ва гуфтори Ӯ мушаххас буд.
Масалан Исломи Ноби Муҳаммаде, ки ба мардум ироа мекард, Ислом Ноби Исломе, ки на асир ва побанди таҳаҷур аст ва на асиир илтиқот аст.
Имом Исломи воқеиро матраҳ кард ва ин барои ҷавони мусулмон ҷаззоб буд.
Шиори Имом истиқлол ва озодӣ ва адолати иҷтимоӣ ва адолати иқтисоди буд, ки матраҳ кард ва берун омадан аз зери султаи Америка буд.
Имрӯз берун омадан аз зери султаи Америка барои ҷавонҳо дар кишварҳое, ки бо Америка паймонҳои тӯлони вобастаги доранд ҳам ҷаззоб аст.

Масалан барои ҷавонҳои Арабистони Саудӣ ҳам ҳамин ҳаст, ки алоқаманд ба ҷудоӣ аз ин султаи золимона ҳастанд.
Аз ҷумла мабонии матраҳ шуда ба василаи Имом масири мардумсолори буд яъне ихтиёри ҳокимияти кишвар дар дасти мардум бошад.
Масъалаи худбоварии миллат, ки ба мардум мегуфт, ки шумо метавонед ва қодиред дар илм ва санъат ва корҳои асосӣ ва дар иқтисод ва мудирияти кишвар қодиред рӯй пой худ беистед ва ҷавонҳо омаданд ба неҳзати Имом пайвастанд ва пирӯзи инқилоб зилзилаи азиме дар дунё ба вуҷуд овард.

Аз рӯзи аввал душманиҳо шурӯъ шуд; Албатта душманиҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки ҳанӯз рӯнамои накарданд.
биҳамдулаллаҳ дар ин душманиҳо шикаст хӯрданд ва миллати Эрон токунун пирӯз шудааст ва баъд аз ин ҳам ҳамин хоҳад буд.
Нуктаеро арз кунам дар даҳаи 60, даҳаи аввали пирӯзии инқилоб ва ҳаёти бо баракати Имом(р), даҳаи 60 даҳаи мазлум аст, даҳаи таъйин кунанда дар сарнавишти эронӣ ва ҳассос ва ношинохтааст ва ахиран тавассути бархе аз соҳибони баландгуҳо мавриди таҳоҷум қарор медиҳанд.

Даҳаи 60, даҳаи озмунҳои бузург ва хашинтарин террорист зидди миллати Эрон аст, ки шахсиятҳои мисли шаҳид Мутаҳҳарӣ ва шаҳид Биҳишти шаҳид шуданд. Ҳоло адад таъйин намекунам валикан то 17000 шаҳид террорро мегӯянд.
Даҳаи 60 даҳаи ҷанги таҳмилӣ аст, ки 8 сол сарфи ҷанги таҳмили алайҳи Эрон шуд.
Даҳаи 60, давраи ифтихороти бузург ва даҳаи таҷзия талабӣ аст.
Даҳаи 60 даҳаи ҳаводиси бузурге аст, ки дар кишвар иттифоқ афтод ва миллати мо ончунон муҳкам истоданд, ки бар ҳамаи инҳо пирӯз шуданд.
Тавсия мекунам ба ҳамаи касоне, ки аҳли фикр ва тааммул ҳастанд ҷой шаҳид ва ҷаллод иваз нашавад. Миллати Эрон дар даҳаи 60 мазлум воқеъ шуд.

Ҷавонҳои мо истоданд ва Имоми бузургавор бо чеҳраи нуронӣ ва қалби Худобовар ва азми росих истод. баъд аз реҳлаит Имом иддае умедвор шуданд, ки роҳи имомро баргардонанд ва натавонистанд.
Солҳо гузашт иддае дар хориҷ ва авомиле дар дохил нишастанд, то инқилоб аз масираш мунҳариф шавад, аммо натавонистанд сабаб ҳамон ҷозибаҳое аст, ки вуҷуд дорад.

Шиори адолати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва истиқлол ва озодӣ ва мардум солорӣ ва ҷудо шудан аз зери қудрати Америка ва қудратҳои ҷаҳонӣ барои ҷавонҳои мо ҷаззоб аст.
Албатта дар таҳаққуқи бархе аз ин шиорҳо инсофан ақибем, дар таҳаққуқи адолати иҷтимоӣ ва усули исломи ақибем.
Аммо ҳадаф ва ормони мо ҳамин аст; Ин ормонҳо барои насли ҷавони мо ва насли ҷавонҳои дигар кишварҳо ҷаззоб аст.
Ин қудрат басиҷ кунандагии инқилоб аст ва масъулон аз ин қудрат ғафлат накунанд.

Ин қудрате аст, ки дар ихтиёри мост, ки инсонҳои солим ва ҷавонаро басиҷ кунад ва пеш бибарад. Мо ба ин қудрат эҳтиёҷ дорем ва то солҳои мутамоди эҳтиёҷ хоҳем дошт.
Дӯшманони мо бекор нестанд, то имрӯз натавонистанд моро ақиб бизананд аммо душман дар камин аст.

Раисҷумҳури Америка дар низоми мунҳати ғарб меистад дар канори раиси қабила ва рақси шамшер мекунад он вақт ба 40 милён раъй дар интихоботи мо эрод мигирад.

Шаб ва рӯз Яманро бомба борон мекунанд, дар кӯча ва масҷид ва хонаҳо мардумро мекушанд ва бомба борон мекунанд он вақт инҳо паҳлавии онҳо меистанд ва бо онҳо муғозила мекунанд ва бақияро маҳкум мекунанд!

Инқилобро бузург ва гиромӣ бидоред арзишҳои инқилобро ба маънои воқеии калима зинда ва эҳё кунед.

Ингуна набошад, ки ба хотири аҳдофи кӯтоҳ муддат ва сиёсати зудгузар арзишҳои воло ва инқилобро фаромӯш кунем.

Имрӯз агар мехоҳем дар майдони илм ва сиёсат ва иқтисод пеш равем ва корҳои бузург пеш биравем ба ҷуръат ва эътимод ба нафасе, ки инқилоб ба мо медиҳад ва дод ниёз дорем.

Имрӯз ба он эътимод ба нафс ниёз дорем ва имрӯз ҷавонҳои мо ниёз дорад, ки дар корҳои бузург ворид шавад ва сина сипар кунад.

Имрӯз ҷавонҳои дорем, ки агар шароити даҳаи 60 пеш биёяд, вориди арса мешаванд ва кишварро ҳифз мекунанд ва нигаҳ медоранд.

Мешунавам гоҳе авқот бархе дар муқобили шуорҳои инқилоб мафҳуми ақлониятро унвон мекунанд ингор, ки ақлоният муқобили инқилобигарӣ аст.

Нигоҳи инқилобигарӣ аст, ки метавонад ҳақоиқро ба мо нишон диҳад.

Имрӯз раиси давлатҳои Аврупоӣ Америкаро ғайриқобили эътимод медонанд, Имом инро сию чанд сол қабл муаррифи кард. Ин ақлоният аст.

Ақлоният такя ба мардум ва нируи дохилӣ ва таваккул ба Худост.

Бузургтарин дарсе, ки Иимом дод дарси рӯҳия ва зеҳн ва амали инқилобӣ аст.

Имом мероси фарҳанги нест Имом зиндааст ва Имом ва пешвои мо ва дар муқобили мост

Имом дар байни мо нест аммо роҳ ва нафси имом зиндааст.

Бархе ақлониятро дар ин медонанд ва иштибоҳ мекунанд ва мегуянд чолиш ҳазина дорад, бале! аммо созиш ҳам ҳазина дорад.
шумо мулоҳиза кунед давлати Саудӣ барои инки бо раисҷумҳури ҷадиди Америка созиш кунад маҷбӯр мешавад беш аз ними аз будҷаи худро дар хидмати Америка қарор диҳад.

Чолиш агар уқалоӣ ва мунтабиқ бо мантиқ бошад ҳазинааш камтар аз созиш аст.
Вақте ақиб нишини кардед тоза мутолибаи ҷадид матраҳ мекунанд, то мутолиба ҷадидро ба онҳо бидиҳед ва силсила идома меёбад.
Иинқилобигари яъне масъулини кишвар ҳадафшонро рози кардани душман қарор надиҳанд. Балки ҳадафшон рози кардани мардум ва такя бар нируи дохили бошад ва таслими ҳеч зӯри нашаванд. Дучори инфиол ва заъфи нафс нашаванд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: Арабистон ҳатто агар бо ришваи чанд миллиардӣ бихоҳад, Амрикоро бо худ ҳамроҳ кунад, ба натиҷа нахоҳад расид ва дар муқобили мардуми Яман пирӯз нахоҳад шуд.

Эшон бо ишора ба тавтеаи душманон дар ба роҳ андохтани ҷангҳои ниёбатӣ дар кишварҳои минтақа хотирнишон карданд: Имрӯз гурӯҳи террористии ДИИШ аз маҳалли вилодати худ яъне Сурия ва Ироқ ронда шуда ва ба самти соири кишварҳо монанди Афғонистон, Покистон ва ҳатто Филиппин ва Аврупо меравад, ин оташест, ки худашон барафрухтанд ва домани худашонро гирифтааст.

 

KHAMENEITJ.INFO


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017