this is a title for here

 

 Ҳамоиши табйини гуфтумони Имом Хоманаӣ дар Яман зери оташи Саудӣ баргузор шуд
   Operator    12 July 2018 48 Read    Add new comment

Ҳамоиши “Абъод ва маонӣ дар суханронии Имом Сайидалии Хоманаӣ хитоб ба ҷавонони араб”, ки бо ҳузури ақшори мухталифи ҷавонон, донишгоҳиён ва фарҳехтагони яманӣ дар пойтахти ин кишвар баргузор шуд, теъдоде аз коршиносон ва таҳлилгарон, дар бораи гуфтумони мадди назари Роҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, ба эроди суханронӣ пардохтанд.

Ҳамоиши “Абъод ва маонӣ дар суханронии Имом Сайидалии Хоманаӣ хитоб ба ҷавонони араб”, ки бо ҳузури мардон ва занони инқилобии яманӣ ба вижа ду тан аз коршиносони зан баргузор шуд, рӯзи гузашта ба кори худ дар Санъо хотима дод.

Ин ҳамоиш дар шароите баргузор шуд, ки ҷангандаҳои бомбаафкани артиши режими Саудӣ ва ҳампаймонони ғарбӣ-ибрӣ-арабии ин режим, тайи рӯзҳои ахир, борҳо ҳамлаҳои мутаъаддидеро дар нуқоти мухталифи кишвари Яман анҷом доданд, ки ин ҳамлаҳо, ҳамчунон идома дорад.

 

KHAMENEITJ.INFO


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017