this is a title for here

 

 Дидори коргузорони ҳаҷ бо Валии амри муслимини ҷаҳон, Имом Хоманаӣ
   Operator    18 July 2018 15 Read    Add new comment

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Валии амри муслимини ҷаҳон, субҳи рӯзи душанбе (16.07.2018) дар дидори дастандаркорони ҳаҷҷи имсол, ҳаҷро мазҳари омехтагии “маънавият ва сиёсат” ва муҳимтарин вижагии онро иҷтимоъи мусалмонон дар замон ва макони мушаххас донистанд ва гуфтанд: “Ҳаҷҷи воқеъӣ ҳаҷҷе аст, ки аз як тараф ҳамроҳ бо бароат аз мушрикин бошад ва аз тарафи дигар заминасози ваҳдат ва ҳамдилӣ ва яксадоии мусалмонон шавад.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, шаклгирии низоми Ҷумҳурии Исломӣ ва ироаи тавонои ислом дар вуруд ба майдони сиёсат ва зиндагиро ботилкунандаи солҳо талош барои илқои ҷудоии дин аз сиёсат хонданд ва афзуданд: “Акнун бори дигар афроди нодон ва муғриз, талош доранд то лузуми ҷудоии дин аз сиёсат ва зиндагӣ ва илмро ба зеҳни насли ҷавон илқо кунанд аммо ҳаҷ беҳтарин фурсат ва як саҳнаи амалӣ барои нишон додани омехтагии “дин ва сиёсат” аст.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ дар назар гирифта шудани замону макони мушаххас барои иҷтимоъи мусалмонон дар фаризаи ҳаҷро нишондиҳандаи аҳдофе фаротар аз маънавияти сирф донистанд ва хотирнишон карданд: “Яке аз аҳдофи муҳимми ҳаҷ, иҷтимоъ ва иртибот ва тафоҳуми мусалмонон бо якдигар ва дар воқеъ ҳамон мавзӯъи шаклгирии уммати исломӣ аст.”

Эшон бо таъкид бар ин ки Каъбаи Шариф ва Масҷидул-ҳаром ва Масҷилун-набӣ мутаъаллиқ ба ҳамаи мусалмонон аст ва на мутаъаллиқ ба касоне, ки бар он сарзамин мусаллат ҳастанд, афзуданд: “Касе ҳақ надорад монеъ аз таҳаққуқи мафоҳими воқеъии ҳаҷ шавад ва агар ҳукумат ва ё давлате ин корро анҷом диҳад, дар воқеъ “монеъи роҳи Худо” шудааст.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба шаклгирии маънои ҷадиде аз ҳаҷ ба баракати ҳидоятҳои Имоми Бузургавор, гуфтанд: “Ҳаҷҷи воқеъӣ бояд ҳамроҳ бо бароат аз мушрикон ва заминасози ваҳдат ва инсиҷоми мусалмонон бошад, на он ки бархе давлатҳо дар ҷиҳати эҷоди ихтилоф ва ҷудоӣ миёни уммати исломӣ талош карда ва худро ба истикбор муттасил кунанд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба фоҷеъаи Масҷидул-ҳаром ва фоҷеъаи Мино дар соли 2015, онро зулме бузург хонданд ва бо таъкид бар лузуми пайгирии мустамар ва ҷиддӣ барои эҳқоқи ҳақ, афзуданд: “Ин мутолиба ба ҳеч ваҷҳ набояд фаромӯш шавад ва дастгоҳҳои масъул бояд аз роҳҳои мухталиф ба вижа маҷомеъи байналмилалӣ, ин мавзӯъро пайгирӣ кунанд то кумитаи ҳақиқатёбӣ бо ҳузури Ҷумҳурии Исломӣ ташкил ва эҳқоқ шавад зеро дар ин ду фоҷеъа, таъмини эминӣ ва амнияти ҳоҷиён, ки муҳимтарин вазифаи ҳукумати Арабистон аст, риоят нашуд ва хунбаҳои мақтулон низ дода нашуд.”

Эшон бо таъкид бар ин ки заруритарин ниёзи имрӯзи дунёи ислом, ваҳдат ва яксадоӣ аст, ба тамаркузи душманон барои муқобила бо мусалмонон ба вижа дар мавзӯъи Фаластин ва дар қазияҳои Яман ишора ва хотирнишон карданд: “Акнун амрикоиҳо номи сиёсати шайтонии худ дар бораи Фаластинро “муомилаи аср” гузоштаанд аммо бидонанд, ки ба фазли илоҳӣ, ин муомилаи аср ҳаргиз муҳаққақ нахоҳад шуд ва ба кӯрии чашми давлатмандони Амрико, қазияи Фаластин аз ёдҳо нахоҳад рафт ва Қудс пойтахти Фаластин боқӣ хоҳад монд.”

Роҳбари Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар ин ки миллати Фаластин дар муқобили ин тавтеъа хоҳад истод ва миллатҳои мусалмон низ пуштибони мардуми Фаластин хоҳанд буд, афзуданд: “Албатта бархе давлатҳои исломӣ, ки ҳеч эътиқоде ҳам ба ислом надоранд, ба далели ҳамоқат ва ҷаҳолат ва матомеъи дунявӣ пешмарги амрикоиҳо шудаанд аммо ба тавфиқи илоҳӣ, уммати исломӣ ва миллати Фаластин бар душманони худ пирӯз хоҳанд шуд ва хоҳанд дид он рӯзеро, ки решаи режими ҷаълии саҳюнистӣ аз сарзамини Фаластин канда шавад.”


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017