this is a title for here

 

 Оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҳокимони кишварҳои исломӣ: "Ба Вилояти Аллоҳ бозгардед!"
   Operator    27 November 2018 13 Read    Add new comment

Дар хуҷаста солрӯзи милоди Паёмбари раҳмат ва ҳидоят (с) ва ҳазрати Имом Содиқ (а), субҳи имрӯз масъулини низом, меҳмонони ширкаткунанда дар 32-умин конфронси Ваҳдати Исломӣ, сафирони кишварҳои исломӣ ва ҷамъе аз қишрҳои мухталиф бо Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ дидор карданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, танҳо роҳи саодат ва растгории башариятро табаъият аз дини Ислом ва нури Қуръон донистанд ва бо ишора ба густариши рӯзафзуни Бедории Исломӣ ва руҳияи муқовимат дар миёни миллатҳои мусалмон ва дастпочагии Амрико ва муттаҳидонаш аз ин падидаи муборак, гуфтанд: “Инқилоби Исломӣ ба унвони як улгӯ, ба баракати 40 сол муқовимат ва истодагии миллати Эрон акнун ба шаҷараи тайиба ва тановаре табдил шудааст, ки таҳдидҳо ва ҳаракоти хабосатомези Амрико ва режими саҳюнистӣ ҳамчун гузашта таъсире нахоҳад дошт ва қатъан бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд.”

Эшон дар ибтидои суханони худ бо табрики солрӯзи милоди Набии Раҳмат ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳазрати Имом Содиқ (а), Паёмбари Исломро хуршеди фурӯзоне хонданд, ки Худованди мутаол онро дар даврони ҷаҳлу фиреби ҷоҳилият, ба башарият эъто кард ва он ҳазрат бо дини осмонии ислом ва китоби нуронии Қуръон, заминаи фалоҳ ва растгории башариятрро фароҳам кард.

Роҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба ниёзи мустамарри башарият ба раҳмат ва ҳидоят ва нури Паёмбари Ислом (с), афзуданд: “Инсонҳо имрӯз низ ба далели ҳузури қудратҳо ва зулми ношӣ аз аъмоли муҷримонаи онҳо ва ҷаҳлу фиреб ва набуди адолат, гирифтори анвоъи мушкилот ва сахтиҳо ҳастанд, ки танҳо роҳи раҳоӣ аз ин ранҷҳо, посухгӯӣ ба даъвати Набии мукаррами Ислом (с) ва ҳаракат дар масири ҳидояти Ислом ва Қуръон аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, густариши ҷараёни муқовимат ва руҳияи Бедории Исломӣ дар минтақаро ба унвони як намуна, натиҷаи ҳаракат дар масири ҳидояти Ислом ва Қуръон донистанд ва гуфтанд: “Иллати ин ки қудратмандони мустакбири дунё ва дар раъси онҳо Амрикои ҷинояткор ва шайтони бузург ба минтақаи Ғарби Осиё ҳассос ҳастанд, руҳияи иқбол ба Ислом ва Бедории Исломӣ дар миёни миллатҳои минтақа аст.”

Эшон бо ишора ба ҳароси қудратҳо аз бедории миллатҳои исломӣ, хотирнишон карданд: “Дар ҳар ҷое, ки Ислом бар дилу ҷони мардум мусаллат шуда, истикбор силӣ хӯрдааст ва мо ҷиддан мӯътақидем истикбор бори дигар дар ин минтақа аз Бедории Исломӣ силӣ хоҳад хӯрд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон хитоб ба рӯшанфикрон ва уламои динӣ таъкид карданд: “Ҳарчи метавонед ҳаракати Бедории Ислмоӣ ва муқовиматро дар минтақа тақвият кунед, зеро танҳо роҳи наҷоти минтақа, густариши ин тафаккур ва руҳия аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин хитоб ба ҳокимони бархе кишварҳои исломӣ гуфтанд: “Насиҳати мо ба шумо ин аст, ки ба вилояти ислом баргардед ва таҳти “Вилояти Аллоҳ” қарор гиред зеро “вилояти Амрико ва Тоғут” барои шумо фоидае нахоҳад дошт.”

Эшон бо ишора ба бархе кишварҳои минтақа, ки ба ҷои табаъият аз ислом ва Қуръон аз Амрико пайравӣ мекунанд, хотирнишон карданд: “Амрико бино ба табъи истикбории худ, ин кишварҳоро таҳқир мекунад, ва ҳамонгуна, ки ҳама диданд, раиси ҷумҳури ёвагӯи Амрико, ҳокимони Саудиро ба “гови ширдеҳ” ташбеҳ кард.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон ингуна таҳқирҳоро тавҳин ба мардуми Арабистон ва ба миллатҳои мусалмони минтақа хонданд ва афзуданд: “Бархе ҳокмиомни исломӣ дар ду ҳаракати ҷиноятомез дар Фаластин ва Яман, ҳамроҳи Амрико шудаанд аммо қатъан пирӯзӣ бо мардуми Фаластин ва бо мардуми Яман хоҳад буд ва Амрико ва дунболаравҳои он дар ин қазоё шикаст хоҳанд хӯрд.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, қудрати Амрико ва режими саҳюнистиро дар минтақа ба маротиб заъифтар аз қабл донистанд ва гуфтанд: “Режими саҳюнистӣ чандин сол пеш, баъд аз 33 рӯз, дар муқобили Ҳизбуллоҳи Лубнон шикаст хӯрд, ду сол баъд дар муқобили фаластиниҳо, танҳо 22 рӯз давом овард, ки ин муддат дар ҷанги баъдии Ғазза, табдили ба 8 рӯз шуд ва ҳафтаи пеш дар муқобили муқовимати Фаластин, баъд аз 2 рӯз, шикастро мутаҳаммил шуд, ки ҳамаи ин маворид нишондиҳандаи заъфи рӯзафзуни режими саҳюнистӣ аст.”

Эшон бо ишора ба суннати тахаллуфнопазири илоҳӣ мабнӣ бар ёрии миллатҳое, ки бо такя ба Худованд дар муқобили қудратҳо истодагӣ мекунанд, хотирнишон карданд: “Дар Яман низ бо вуҷуди ҳамаи сахтиҳо ва ҷиноятҳое, ки мардуми ин кишвар аз ҷониби Оли Сауд ва ҳамроҳонаш ва давлати пуштибони онҳо яъне Амрико мутаҳаммил мешаванд, аммо қатъан пирӯзӣ бо миллати Яман ва Ансоруллоҳ хоҳад буд.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон, пирӯзии миллати Фаластинро бар асоси суннати илоҳӣ, қатъӣ баршумурданд ва афзуданд: “Иллати аслии дастпочагии Амрико ва муттаҳидонаш ва ёвагӯиҳо ва иқдомоти золимона ва ҷиноятомези оонҳо, истодагӣ ва муқовимати миллатҳои мусалмон дар минтақа аст, ки ин муқовимат ҳатман натиҷа хоҳад дод.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба муқовимати 40 солаи миллати Эрон бо вуҷуди ҳамаи сахтиҳо ва фишорҳо, таъкид карданд: “Амрико ва режими саҳюнистӣ ғалат мекунанд, ки миллати Эронро таҳдид кунанд.”

Эшон бо ишора ба шикасти сиёсатҳои таҳдид ва таҳрими Амрико дар қиболи Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфтанд: “Миллати Эрон ба баракати муқовимат ва дар сояи имон ба Худованд ва эътиқод ба ваъдаҳои илоҳӣ, даур баробари ҳамаи тавтеъаҳо ҳамчун кӯҳ истод ва имрӯз, низоми исломӣ ва миллати Эрон шаҷараи тайибае аст, ки рӯзбарӯз бар пешрафт ва тавоноии он афзуда мешавад ва ин , як нусхаи пешрафт барои дунёи Ислом аст.”

Валии амри мусалмонони ҷаҳон дар поён, ваҳдат ва якдилӣ ва якзабониро танҳо роҳи ғалабаи дунёи Ислом бар тавтеъаҳо донист.

KHAMENEITJ.INFO


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017