this is a title for here

 

 Коре кунед душманон ҳатто ҷуръати таҳдиди миллати Эронро надошта бошанд
   Operator    28 November 2018 24 Read    Add new comment

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Валии амри мусалмонони ҷаҳон, зуҳри имрӯз (чаҳоршанбе) дар дидори фармондеҳон ва масъулони Нерӯи Дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, такя бар нерӯи инсонии ҷавон, мӯъмин ва пурангезаро калиди ҳалли мушкилот дар ҳамаи бахшҳои кишвар аз ҷумла нерӯҳои мусаллаҳ донистанд ва бо таъкид бар лузуми кори музоъаф ва афзоиши омодагиҳо, хотирнишон карданд: “Ҳарчи метавонед тавоноиҳо ва омодагиҳои худро афзоиш диҳед то душманони Эрон ҳатто ҷуръати таҳдиди ин миллати бузургро надошта бошанд.”

Дар ин дидор, ки ба муносибати 7-уми озар, рӯзи Нерӯи Дарёӣ баргузор шуд, Валии амри мусалмонони ҷаҳон бо ишора ба сафороии ҷабҳае васеъ аз душманон ва рақибон дар муқобили Ҷумҳурии Исломӣ, гуфтанд: “Вуҷуди ин воқеъият дар канори зарурати ҷуброни ақибмондагиҳо, нишондиҳандаи лузуми кори музоъаф ва фавқул-ода дар ҳамаи бахшҳои низом аз ҷумла дар Нерӯи Дарёӣ аст.”

Эшон пешрафтҳои Артиш ва ба вижа Нерӯи Дарёӣ аз ибтидои Инқилоби Исломӣ то ба имрӯзро азим ва шигифтовар хонданд ва афзуданд: “Насли кунунии Нерӯи Дарёӣ ба ибтикор ва тавоноиҳои худ амиқан имон дорад ва таҳаққуқи падидаҳое ҳамчун илҳоқи новшикани Саҳанд ва зердарёиҳои Фотеҳ ва Ғадир ба новгони дарёӣ, башоратдиҳандаи имкони пешрафтҳои рӯзафзун аст.”

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзоиши омодагии нерӯҳои мусаллаҳро мӯҷиби боздорандагӣ ва тарси душманон донистанд ва гуфтанд: “Ҷумҳурии Илсомӣ қасди оғози ҷанг бо касеро надорад аммо бояд ончунон тавоноиҳои худро афзоиш диҳад то душман на танҳо аз ҳамла ба Эрон бимнок ва ҳаросон бошад балкӣ ба баракати ҳамбастагӣ, иқтидор ва ҳузури муассири нерӯҳои мусаллаҳ дар майдон, сояи таҳдид низ аз сари миллати Эрон дур шавад.”

Беш аз суханони Валии амри мусалмонони ҷаҳон, амир дарёдор Хонзодӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гузорише бо ишора ба омодасозии новшикани Саҳанд, эҳёи новшикани Дамованд ва сохти зердарёии Фотеҳ ба дасти ҷавонон ва мутахассисони эронӣ гуфт: “Нерӯи дарёии артиш талош мекунад зимни ироаи биное нав аз ин нерӯ, мазҳари иқтидори миллати Эрон дар дарё бошад ва бо илҳомбахшӣ ба миллатҳои озодаи ҷаҳон, раванди рӯ ба уфули истикбор дар дарёро суръат бахшад.”

Дар ин дидор, намози зуҳру аср ба имомати Валии амри мусалмонони ҷаҳон иқома шуд.

 

KHAMENEITJ.INFO


Add comment


Security code
Refresh

All rights reserved This website is owned 2017